дробовики.
заявка на кредит Тинькофф

Санҷиши техникӣ

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд



Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Имкониятҳои сармоягузорӣ дар Суғд

Харитаи сармоягузорӣ

Маълумоти лозимиро гирифтед?

Ҷавоби шумо барои мо муҳим аст!

Ҳа - 75%
Не - 25%

Total votes: 8
The voting for this poll has ended on: January 1, 2022

Роҳбарият

Раҷабзода Муҳаммадҷобир

Раҷабзода Муҳаммадҷобир 1 январи соли 1974 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд ёфтанд. Соли 1997 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 1997-1998 омӯзгори кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1998-1999 мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 1999-2002 муовини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 2002-2004 Раиси ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 2004-2008 сардори Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 2008-2014 муовин ва муовини якуми Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, солҳои 2014-2020 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор ва фаъолият бурдааст.

Аз  28 феврали соли 2020 то ҳол Мудири шӯъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.

Боиров Боирҷон Ҳомидҷонович

Боиров Боирҷон Ҳомидҷонович 28 марти соли 1979 дар ноҳияи Б. Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 2001 филиали Хуҷандии донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-молиячӣ хатм кардааст.

Солҳои 2001-2004 ёрдамчиии иқтисодии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кабир», солҳои 2004-2007 иқтисодчӣ дар ҶДММ «ГОКи Пролетар»-и ноҳияи Ҷ.Расулов, солҳои 2007-2009 сармуҳандис дар автобазаи №6 ноҳияи Ҷ.Расулов, солҳои 2009-2010 мутахассиси шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солҳои 2010-2014 мудири шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солхои 2014-2017 менеҷери минтақавӣ оид ба банкдории корпоративии Суғд дар ҶСК Агроинвестбонк, солхои 2017-2018 ҷонишини директории ҶДММ «Сеҳриҷ» кор ва фаъолият бурдааст.

Аз майи соли 2018 то ҳоло Мудири шӯъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд мебошад.

Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович

Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24 июли соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2011 филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.

Солҳои 2009-2012 хазинадори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хуҷандмеҳр», солҳои 2012-2014 мутахассиси шӯъбаи сармоягузории Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, солҳои 2014-2018 ҷонишини директории ҶДММ «Хуҷандмеҳр» кор ва фаъолият бурдааст.

Аз моҳи августи соли 2018 то ҳоло Мудири шӯъбаи идораи амволи давлатии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд мебошад.

Ахмедов Шарифҷон Насимович

Ахмедов Шарифҷон Насимович 17 августи  соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2001  филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2007 Донишкадаи  иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисосҳои муҳандис-иқтисодчӣ, иқтисодчӣ - бозраси андоз  хатм кардааст.

Солҳои 2001-2005 дар вазифаҳои гуногун дар ТҶ «Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2005-2008 мутахассиси бақайдгирии гумрукии ҶДММ «Ориёнтранс»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2008-2009 сардори шуъбаи иқтисодиёти берунмарзии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2009-2012 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, солҳои 2012-2014 мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2018 менеҷери департаменти тиҷорати чаканаи филиали ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕЙШНЛ» дар ноҳияи Ҷ.Расулов кор ва фаъолият бурдааст.

Аз 9 марти  соли 2018 то ҳол сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд мебошад.

Сомонаҳо